Арзиши нафт ба иқтисоди Тоҷикистон зарба мезанад
Имрўз нархи як барел нафт дар биржаҳои ҷаҳонӣ аз 107,75 доллар ба 109,43 доллар афзоиш ёфт.
Як ҳафта пеш ин нишондод, яъне қимати нафт 103 долларро ташкил медод. Бархе аз коршиносон афзоиши арзиши нафтро дар идома ёфтани бенизомиҳо дар Сурия ва Либия, ки кишварҳои бузурги содиркунандаи нафт ҳастанд, рабт медиҳанд. Иддае аз таҳлилгарони дигар чунин тағйиротро ба як навъ норўшанӣ дар бозори арз, бурс дар худи Аврупо дониста, чунин иброз медоранд, ки ин тағйирот ба Тоҷикистон таъсири манфии худро мегузорад. Ба қавли иддае аз соҳибназарон аз чунин болоравии нафт бештар Русия манфиатдор аст. Яъне, феълан Русия як кишвари воридкунандаи нафт барои Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва метавонад боз аз ин тағйирот аз имкониятҳояш истифода барад. {jathumbnail off}