Қоҳир Расулзода: Дашти Мирзочӯл ба боғистон табдил ёфт
Қоҳир Расулзода, райиси вилояти Суғд дар хоҷагии деҳқонии «Бахт»-и ноҳияи Зафаробод бо мардуми ин минтақа мулоқот намуд.
Дар ин бора ба «Озодагон» аз хадамоти матбуотии райиси вилоят иттилоъ доданд. Манбаъ афзуд, ҷаноби Расулзода пеш аз мулоқот дар маросими ифтитоҳи бинои тозабунёди мактаби таҳсилоти умумии рақами 7, деҳаи Қипчоқи ноҳия ширкат варзида, хонандагону омӯзгорони мактабро ба истиқболи ҷашни 20–солагии истиқлол ва бунёди мактаби замонавӣ табрику муборакбод намуд.
Райиси вилоят аснои суханронӣ дар назди сокинони ноҳия иброз дошт, ки Зафаробод ноҳияе мебошад, ки дар натиҷаи азхудкунии замини бекорхобидаву ташналаби Мирзочӯл таъсис ёфтааст. Мардуми ободгари ин диёр аз баракати рафоқату дӯстӣ, мушкилнописандиву меҳнатдӯстӣ, ободкорию созандагӣ биёбони хушку беобро ба шаҳракҳо ва деҳаҳои ободу сарсабз табдил додаанд. Расулзода афзуд, тайи 20 соли аввали мавҷудияти ноҳия тамоми хароҷотҳое, ки барои бунёди он масраф гардида буд, пӯшонида шуда, соҳаи асосии он - кишоварзӣ ба соҳаи сердаромад табдил ёфт. Аз оғози азхудкунии заминҳои навкорам то имрӯз деҳқонони ноҳия бештар аз 1 миллиону 350 ҳазор тонна пахта, 150 ҳазор тонна сабзавот, 420 ҳазор тонна полезӣ, 88 ҳазор тонна гӯшт, 149 ҳазор тонна шир истеҳсол намуданд.Мардуми ноҳия бо пахтакорон, ғаллапарварон, сабзавоткорон ва чорводорони номии худ на танҳо дар миқёси вилоят балки дар тамоми ҷумҳурӣ шӯҳрат ёфтаанд.
Дар қисмати дуввуми мулоқот наздик 30 нафар сокинони ноҳия ба раиси вилоят бо арзу дархост ва шикоятҳояшон муроҷиат намуданд.Бо супориши Қоҳир Расулзода муроҷиати сокинон мавриди омӯзиш ва баррасии масъулини дахлдор қарор хоҳад гирифт. Зимнан, бо супориши райиси вилоят ба 3 нафар ашхоси ниёзманди ноҳия иштирокчии ҶБВ Поччобой Эргашев, маъюбони гурӯҳи 2 Парихон Дӯстова ва Зулфия Шомардонова аробачаҳои маъюбӣ тақдим гаштанд.{jathumbnail off}