ИМА ба «Толибон»-и Афғонистон 360 миллион доллар додааст
360 миллион доллари амрикоӣ, ин маблағест, ки аз ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба ҷангиёни ҳаракати «Толибон»-и Афғонистон расидааст.
Аммо тибқи хулосаи комиссиони махсус таҳти роҳбарии сардори феълии Раёсати Истихборотии Амрико Дэвид Петрэус, ин маблағ на мушаххасан, балки бо роҳи фиреб дар мавриди таъмини хизматрасонии моликияти техникӣ барои Афғонистон то ба «Толибон» омадааст. Муайян гаштааст, ки фасоду коррупсия дар Афғонистон ба авҷи баланд расидаву ин пулҳо ҳам ба ҷангиёни муқобил бо ҳамин роҳ дастрас гаштааст. Дар ин маврид, комиссияи вижаи хадамоти ҷосусӣ нафареро бо лақаби Руҳулл мисол меорад, ки дар шоҳроҳи Кобул-Қандаҳор ба нигаҳбонии аскарони амрикоӣ хизмат мекардааст.
Ҳамчунин, маълум гаштааст, ки аскароне, ки аз «хизмати» ӯ саркашӣ мекардаанд, Руҳулл ба қатл мерасонд. Ҳамзамон, Руҳулл барои бехатарии худаш ба толибон «ҳақулхизмат» медодааст. Ба қавли комиссион, ӯ давоми 1-сол аз ҷониби ИМА беш аз 1,7-милён доллар гирифта будааст. {jathumbnail off}