79 нафар дар вилояти Суғд қадрдонӣ гардиданд
Дар шимоли кишвар рӯзи тиб бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил гардид.
Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии «Озодагон» бахшида ба ин сана ва ҷашни зодрўзи олими барҷаста, файласуф Абўалӣ ибни Сино дар маҷлисгоҳи беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 шаҳри Хуҷанд бо иштироки 250 нафар кормандони тиб, меҳмонон, собиқадори меҳнат ҷаласаи ҷашнӣ сурат пазируфт. Зимни ин нишаст муовини аввали раиси вилоят Ҷумъабой Сангинов ширкат варзида, табрикоти раиси вилоятро ба кормандони тиб ва ба таваҷҷўҳи ҳамагон расонид.
Ҳамчунин ба 17 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ барои саҳми арзанда дар рушду нумўи соҳа, тарбияи мутахассисони ҷавон сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ба 40 нафар нишони сарисинагии «Аълочии тандурустии ҷумҳурии Тоҷикистон» супорида шуд. Ба 22 нафар собиқадорони меҳнати соҳаи тиб аз тарафи муовини аввали раиси вилоят ва раёсати тандурустӣ тӯҳфаҳо тақдим гардиданд. {jathumbnail off}