«Регар ТадАз» ба зинаи аввали мусобиқот баромад
Бозиҳои даври 26-уми мусобиқаи футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ ба анҷом расид.
Тибқи иттилои Алӣ Шариф, сухангӯӣ дафтари матбуоти ФФТ, дар ин сабқат дастаи «Гвардия»-и (Душанбе) бо «Регар ТадАз»-и (Турсунзода) қувваозмоӣ намуда, бо ҳисоби 1 бар 10 бозиро бохт. «Парвоз»-и (Бобоҷон Ғафуров) бо «Истиқлол»-и (Душанбе) рақобат намуда, бо ҳисоби 0 бар 3 шикаст хӯрд. «Равшан»-и (Кӯлоб) дар бозӣ бо «Хайр»-и Ваҳдат бо ҳисоби 2 бар 1 дастболо гардид. «Вахш»-и (Қӯрғонтеппа) бо «ССКА Помир»и (Душанбе) сабқат намуда, бо ҳисоби 2 бар 3 мағлуб шуд. Тими "Хуҷанд"-и Хуҷанд бо "Шодмон"-и Ҳисор вохӯрда бо ҳисоби 4 бар 1 дастболо шуд. Аз рӯи ҷадвали мусобиқа айни ҳол дастаи “Регар-ТадАЗ” бо 54 имтиёз дар ҷойи аввал мебошад. “Равшан” бо 53 имтиёз зинаи дуюмро касб намудааст. Дастаи “Истиқлол”, ки чаҳор бозияш мавқуф гузошта шудааст, бо 49 имтиёз дар мақоми сеюм қарор дорад.
Нишонзанҳои беҳтарин сабқат Фозил Сатторов аз дастаи "Равшан" ва Юсуф Рабиев аз тими «Истиқлол» бо 13-голӣ пешсафанд. Мирзобек Мирзоев бошад, бозингари дастаи “Хайр” 12 тӯб ба ҳадаф расонидааст. {jathumbnail off}