Манбаъ афзуд, бо ин сабаб Пӯлод Қодиров, сармураббии мунтахаби Тоҷикистон ба истеъфо рафт ва тими миллӣ то ин муддат сармуррабӣ надошт. Ахиран, ФИФА қарор баровард, ки дастаи мунтахаби Сурия аз ширкат дар даври сеюми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014, ки дар Бразилия доир мегардад, маҳрум гашт ва натоиҷи ҳарду бозиаш бо тими миллии Тоҷикистон, ки моҳи июли соли равон баргузор шуда буд, лағв гардид. Бо қарори ФИФА дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳои интихоби Ҷоми ҷаҳон- 2014 баромад мекунад.
Шералӣ Давлатов гуфт, аз ин лиҳоз кумитаи иҷроияи федератсияи футболи мамлакат қарор қабул кард , ки сарварии мунтахаби Тоҷикистонро Олимҷон Рафиков ба ӯҳда бигирад ва то оғози бозиҳо бозингаронро интихоб намуда барои иштирок намудан омодагӣ бигиранд. Номбурда афзуд, Бар асоси қарори ФИФА мунтахаби Тоҷикистон дар марҳалаи сеюми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 дар гурӯҳи “С” Сурияро иваз карда, бо тимҳои Ҷопон, Куриёи Шимолӣ ва Ӯзбакистон рақобат хоҳад кард. Гуфта мешавад, ки бозиҳои гурӯҳӣ аз 2-юми сентябри соли 2011-ум то 29-уми феврали соли 2012-ум доир хоҳанд шуд. {jathumbnail off}