YTO-и Хитой ба кишоварзони тоҷик кӯмак карданист
Ширкати YTO-и Чин тасмим гирифтааст,соли 2012-ум дар Тоҷикистон барои гузаронидани ташхиси сервиси тракторҳо дар базаи КВД «Мадад» як маркази хизматрасонии техникиро ташкил намояд.
Бино ба иттиллои вазорати кишоварзии Тоҷикистон, имсол ширкати «YTO» дар ҳамкорӣ бо КВД«Мадад» роҷеъ ба ворид намудани техникаи кишоварзии муосир ва қисмҳои эҳтиётии онҳо дар ҳаҷми 700 ҳазор доллари ИМА шартнома ба имзо расонидааст. Ширкати мазкур соли гузашта ҷиҳати ворид намудани техникаву таҷҳизоти гуногуни кишоварзӣ дар Тоҷикистон ба маблағи 400 ҳазор доллари амрикоӣ қарордод ба тавсиб расонида буд. То имрӯз ширкати YTO-и Чин аз рӯи шартномаҳои ба имзо расонидааш намудҳои гуногуни тракторҳоро ба Тоҷикистон ворид намудаааст, ки аз рӯи маълумоти вазорати кишоварзӣ айни ҳол онҳо дар хизмати деҳқонон қарор доранд. Гузашта аз ин, ширкати номбурда ба миқдори беш аз 10 ҳазор доллар ба Тоҷикистон қисмҳои эҳтиётӣ барои тракторҳо ворид намудааст. {jathumbnail off}