«Тоҷик ООО Хайл» ҳамкориро тақвият мебахашад
Вазири кишоварзии ҷумҳурии халқии Хитой Хан Чанфу ва котиби кумитаи ҳизби коммунисти ҷумхурии мухтори Синзяну Уйғури Хитой Чжан Чунсян ба Душанбе ташриф оварданд.
Бино ба қавли вазорати кишоварзӣ, ҳайати меҳмонон таҳти роҳбарии Қосимов Қосимов ва раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов барои аз наздик шиносоии пайдо намудан аз фаъолияти хоҷагии ёрирасони «Тоҷик ООО Хайл»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дидан намуданд. Хоҷагии «Тоҷик ООО Хайл»-и дар майдони 40 гектар замин навъҳои шолии 371, 11 ва 27 кишт карда шудааст, ки он дар муддати 103 рӯз пухта расида, меъёри кишт 150 килограмм ва ҳосили интизорӣ 70-80 сентнерро ташкил медиҳад.
Манбаъ афзуд, дар оянда бо таъмини тухмиҳои хушсифат аз тарафи ҷумҳурии Халқии Хитой васеъ намудани майдони пахта дар назар дошта шудааст. Инчунин, меҳмонон аз фаъолияти стансияи озмоишии мошинҳои кишоварзӣ (МИС), ки дар ноҳияи Рӯдакӣ чойгир аст, дидан намуданд. Қайд карда шуд, ки дар оянда тариқи грантҳо ва қарзҳои бебозгашт чунин стансияҳо дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ташкил карда мешавад. Гуфтанист,рӯзҳои наздик ёддошти тафоҳум (меморандум) дар соҳаи кишоварзӣ миёни вазорати кишоварзии ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорати кишоварзии ҷумҳурии Халқии Хитой ба имзо мерасад.