Эрҳан Ҷамол-писари Ҳайдар Ҷамол дар Либия захмӣ шудааст
Хабарнигори рўзномаи "Известия" Орҳан Ҷамол, писари чеҳраи шинохтаи чаҳони Ислом Ҳайдар Ҷамол дар Либиё маҷрўҳ шудааст.
Сардабири «Известия» Александр Малюткин ба расонаҳо ин хабарро таъид карда гуфтаааст, мутаассифона, ин дуруст аст, ў мачрўҳ шудааст ва аммо ба ҳаёташ хатаре таҳдид намекунад. Феълан, мо масъалаи интиқоли Эрҳан Ҷамолро ба Русия баррасӣ дорем,- афзудааст Александр Малюткин.
Сардабири «Известия» ҳамчунин гуфтааст, наметавонад аз ин дида иттилоъи бештаре дар ин маврид матраҳ кунад.
Гуфтанист, рўзи якшанбеи гузашта нерўҳои мухолифи ҳукумати феълии Либия ба қисмати ғарбии Троблус бе ҳеч гуна муқовимат ворид шуда, бино ба маълумотҳои норӯшан се писари Муаммар Қаззофиро боздошт намудаанд.{jathumbnail off}