Дар асоси як қарори марбутаи раиси вилояти Суғд таҳти унвони «Нақшаи миёнамӯҳлати муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ барои солҳои 2011 – 2013» чандин хонаводаҳо нақли ҷойи зист мекунанд.
Тавре ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» аз хадамоти матбуотии ҳукумати вилоят иттилоъ доданд, тибқи санади мазкур раисони шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, Панҷакент, ноҳияҳои Айнӣ, Ғончӣ, Ашт, Шаҳристон ва Спитамен вазифадор гардиданд, ки кӯчонидан ва қабули муҳоҷирони экологиро ба маҳалли нави бехавф мутобиқи рӯйхатҳои ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодгардида дар давоми солҳои 2011 - 2013 таъмин намоянд ва ҳар сол то 1 ноябр мавзеи кӯчонидани муҳоҷиронро тибқи тартиби муқарраргардида муайян намуда, то 1 март корҳои омодагиро барои кӯчонидани муҳоҷирон мутобиқи нақша анҷом диҳанд.
Ҳамзамон, сарраёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар вилоят супориш гирифтааст, ки дар асоси қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят перомуни ҷудо намудани қитъаҳои замин барои кӯчонидани хоҷагиҳо аз минтақаҳои хавфнок аз рӯи меъёрҳои муқарраргардида маблағгузориҳоро барои расонидани кӯмаки яквақтаина ва додани қарзи имтиёзнок тавассути шӯъбаҳои Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» таъмин намояд.