Вақте, ки 19 сола будам барои дуздии як телефон маро мутаҳам карданду ду сол дар зиндон шиштам. Аслан он телефонро ман надуздида будам, вале бо моддаи 244 (қаллобӣ) маро бандӣ карданд. Ин бароям дардовар аст, ман дар оила ягона духтар ҳастам, то ҳоло шавҳар накардаам ва ҳеч вақт даст ба кори ношоям назадаам. Аз ду сол, як солу се моҳашро дар маҳбас гузаронидам, акнун маро авф мекунанд ва модарам дар берун маро интизор аст.
Аз муассисаи ислоҳии Я/С 3/8-и шаҳри Норак, ки дар маҷмӯъ 250 нафар зан адои ҷазо менамуданд, 112 тояш тибқи қонуни авф озод шуданд. Вақте ба назди ин муассиса омадем, хешовандони маҳбусоне, ки чанд лаҳза баъд озод мешуданд, дар назди дарвозаи асосии зиндон интизорӣ мекашиданд. Изатулло Шарипов, сардори сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии вазорати адлия аснои вуруди мо ба маҳбасхона сухан оғоз карда дар бораи авф чанд ҳарф гуфт.
Фарзонаи Хуршед, ки дар қатори аз ҳама охири занони маҳбус меистод, ба пеш ҳаракат карда бо хабарнигорон ҳамсӯҳбат шуд. Ӯ иброз дошт, ки баъди баромадан аз маҳбас ба саҳна ва боз ба назди мухлисонаш бармегардад. Фарзона бо овози хеле паст мегуфт: « Баъди баромаданам аввалан рафта аз модарам бахшиш мепурсам». Ӯ мегӯяд, дар маҳбас вақти худро беҳуда нагузаронида, ба ҳар гуна корҳо аз қабили машқи суруд машғул мешудааст: Дар маҳбас суруд намехондам, вале бо эҷод машғул будам. Чӣ тавре, ки мегӯянд, аз одами бекор Худо ҳам безор. Бовар кунед, ман дар ин ҷо ҳунарҳое ёд гирифтам, ки дасти холӣ берун намебароям». Фарзона дар робита ба саволи хабарнигорон, ки ӯ худро воқеан гунаҳкор меҳисобад, хомӯширо ихтиёр намуда гуфт, дар ин бора баъдан хоҳам гуфт ва ҳоло дар як ҳолати хеле эҳсосотӣ мебошанд. Ба мисли Фарзона занҳои дигар низ мунтазир буданд, ки кай ба озодӣ мебароянд. Ҳар яки онҳо ба худ гуфтание доштанд. Аз чӣ бошад, ки баъзеаш бо гуфтани як ду ҷумла аз саргузашашон зуд мегиристанду дигар сухан карда наметавонистанд. Дар ин маҳбасхона духтарҳо ва занҳои сину соли гуногун буданд, ки яке бо қаллобӣ, дигаре бо ҷурми хариду фурӯши маводи мухаддир ва ҷиноятҳои дигаре ба мисли инҳо равонаи зиндон шудаанд, ки зимни сӯҳбаташон мегуфтанд: «Аз кардаи худ пушаймонем ва дигар ҳеч гоҳ ба чунин амалҳо даст нахоҳем зад». Дигар зане, ки худро Заррина Расулова муаррифӣ кард, дар дасташ кӯдаки 1 солаву 3 моҳа дошт, иброз намуд, ки бо иттиҳоми хариду фурӯши маводи мухаддир 8 сол равонаи зиндон шудааст, ки 1, 8 моҳашро дар маҳбас сипарӣ намудааст. Ӯ аз президент Эмомалӣ Раҳмон эҳтиромона хоҳиш мекунад, ки дигар занҳои ҳамтақдири ӯро низ авф намояд. Ин зан аз авф хурсанд аст ва мегӯяд, шароити маҳбас бад нест, вале барои занҳо душвор аст. Хусусан, дар маҳбас истодану интизорӣ кашидан, афзуд номбурда.
Ин ҷо ҷои мо нест
Шаҳзода Бойманова, сокини ноҳияи Турсунзода, бошад мегӯяд ӯро на ба кадом иттиҳомот, балки тӯҳмат карда, ба муддати 2 сол зиндонӣ намудаанд: « Як рӯз бо як дугонаам ба хонаи холааш рафтам. Дар болои миз дар наздамон як телефон буд. Дугонаам ба ман гуфт ҳамон телефонро гир, ман нафаҳмида гирифтаму баъдтар зане омада телефонро гуё ман дуздида бошам, аз ман талаб кард, ки ту онро дуздидаӣ. Он аслан дуздӣ набуд, дар дастам телефон доштам. Вақте 19 -сол доштам, ки барои дуздии як телефон маро мутаҳҳм карданду барои ду сол равонаи зиндон намуданд. Бо моддаи 244 (қаллобӣ) маҳкамам карданд, ки бароям хеле нигаронкунанда аст. То ҳол шавҳар накардаам. Дар оила ягона духтар ҳастам ва ҳеч гоҳ ба ин гуна корҳо даст намезадам ва нахоҳам зад. Ин ҷо ҷои мо нест. Муносибати масъулини маҳбасхона бо мо бад нест вале дар ин ҷо истодан осон нест. Аз ду сол, як солу се моҳро дар маҳбас гузаронидам, акнун маро авф мекунанд ва модарам дар берун маро интизор аст. Изатууло Шарипов дар робита ба ин рӯз авфи занон иброз дошт, ки ин авф аз дигар авфҳо хеле фарқият ва бартарӣ дорад. Зеро ба гуфти ӯ ин авф дар қиёс ба ҳамаи маҳбусон татбиқ карда мешавад: « Касе, ки дар ин авф намебарояд, мӯҳлаташон кам карда мешавад. Ин ҷо ҷои зан, модар ва хоҳар нест, ҷои онҳо берун, озодӣ аст. Кӯшиш кунед, дубора ба ин ҷо надароед. Хар вақт ин гуна авф намешавад. Ҳаст нафароне, ки 3-4 маротиба авф шудаанд, боз ҳамин ҷо медароянд. Иншооло, Худо хоҳад, дигар дар ин ҷо намеафтед . Бо вуҷуди он ки шароити ин маҳбасхона бад нест, вале маҳбасхона маҳбасхона аст»,- афзуд генерал.
Аз рӯи маълумоти масъулини ин раёсат дар ин маҳбасхона ҳудуди 49 нафар зан , ки қаблан баъди авф шуданашон дубора амалашонро такрор намуда маҳбус шудаанд, ки ин бори дувум аст мавриди авф қарор мегиранд. Дар маҷмӯъ ба гуфтаи масъулини сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ то ҷашни истиқлолияти кишвар, яъне 9-уми сентиябр тамоми маҳбусон озод хоҳанд шуд. Вақте занҳо мебаромаданд, ба онҳо як миқдор тӯҳфа тақдим менамуданду онҳоро ба нақлиёт савор карда ба ҳар сӯ гусел мекарданд. Дар чеҳраи озодшудагон осори шодиву нишот ҳувайдо буд, аммо хурсандии на ҳамаи онҳо тӯлонист, бархе тарки одат балои ҷон гуфта бармегарданд, ҳарчанд инро мо барои ҳеч кадомашон намехоҳем.
Алишер Зарифӣ