Дар доираи «қонуни афв» 86 ноболиғ аз маҳбас раҳо шуд
Имрӯз аз масиссаи ислоҳии тарбиявии кӯдаконаи №3/12, ки маҷмуан 90 ноболиғ аз 16 то 18 сола адои ҷазо мекарданд, 86 нафарашон ба озодӣ баромаданд.
Мӯҳлати ҷазои 4 тан аз ин афрод, ки бо иттиҳоми содир кардани ҷиноятҳои вазнин муҷрим шинохта шудаанд, кам карда шудааст. Нафарони афвшуда бо ҷиноятҳое аз қабили қочоқи маводи мухадир, дуздӣ ва роҳзанӣ равонаи зиндон шудаанд. Салим, яке аз наврасони ба озодибаромада аст. Ӯ зимни сӯҳбат ба хабарнигори «Озодагон» гуфт: «Ҳангоми дар литсей таҳсил кардан ба қочоқи мухадир даст задам. Суд маро 11 сол аз озодӣ маҳрум карда буд. Аз ин мӯҳлат як солашро дар зиндон гузарондам ва инак озод шудам».