КАБСИ дар Тоҷикистон масоили амнияти марзиро баррасӣ хоҳад кард
Сафири Тоҷикистон дар Австрия Нуриддин Шамсов бо роҳбарияти вазорати корҳои дохилии ин кишвар мулоқот анҷом дод.
Тибқи иттилои вазорати умури хориҷа дар нишаст вазъи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва дурнамои мусоидати Иттиҳоди Аврупо ба ҳукумати кишвар дар риштаи таъмини амният ва таҳкими марзҳои сарҳадӣ бо Афғонистон матраҳ гардид.
Манбаъ афзуд, дар ҷараёни мулоқот бо ҳамоҳангсози робитаҳои байналмилалии вазорати корҳои дохилии Австрия Тобиас Ҷеймс, ҷониби Тоҷикистон раванди имрӯзаи ҳамкориро дар соҳаи мазкур бо Австрия мусбат арзёбӣ кард. Ҳамзамон, бо ишора ба чолишҳо ва таҳдидҳои амниятии ҷойдошта, ки аз қаламрави кишвари ҳамсоя сарчашма мегиранд, сафир хостори тавсеаи ҳамкории самарабахш миёни тарафҳо ва расонидани кӯмаки амалии моддию техникӣ аз ҷониби кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон барои ҳифзи минбаъдаи амну суботи минтақавӣ шуд.
Дар навбати худ ҷаноби Ҷеймс ба натиҷаҳои конфронси байналмилалии бахшида ба амнияти сарҳадӣ (Душанбе, соли 2008) ва Анҷумани 9-уми КАБСИ (Ташаббуси Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи таҳкими амнияти марзӣ дар Осиёи Марказӣ) баҳои баланд дод. «Бо мақсади татбиқи амалии тавсияҳо ва хулосаҳои Анҷумани КАБСИ, ки 15-16 марти соли равон дар Душанбе баргузор гардид, ҳукумати Австрия ва Иттиҳоди Аврупо барои сафарбар кардани кишварҳои мададрасон ва муассисаҳои байналмилалии молиявӣ кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод», - илова намуд Т. Ҷеймс.