Панҷакентро зимистони «сарду сиёҳ» дар пеш аст
Мардуми водии Зарафшон аз паёмадҳои эҳтимолии фасли сармо дар изтиробанд.
Боришоти ками борон дар мавсими баҳору тобистони имсола ва аз ҷониби дигар заъфи кори идораҳои об дар паи обёрии киштзорҳо аст, ки чунин вазъ бар рушди зироаткорӣ таъсири манфии ҷиддӣ гузоштааст.
Гуфтанист, чорводорӣ ҳам шуғли як вақтҳо рушдкардаи Панҷакенти бостонӣ маҳсуб мешуд, ки бо ба даст овардани гӯшту шир, пашму пӯст манбаи даромади аслии мардум буд, мутаасифона ҳоло ин соҳа ба мушкили фаровоне мувоҷеҳ шуда, дар коми нобудӣ қарор дорад. Дар ҳолест, ки сокинон наметавонад, барои чорвои хонагии худ дар фасли сармо хӯроку озуқаворӣ захира кунанд.
Аҳолии рустоҳои Ёрӣ, Марғедар, Амондара, Моғиён, Шинг зимни сӯҳбат бо хабарнигори маҳаллии «Озодагон» гуфтанд, ҳосили гандуму нахӯд, лӯбиёву дигар кишти деҳқонон он қадар самараи хуб надорад. Онҳо изҳор мекунанд, ки шароити танги манзил аз як тараф ва аз ҷониби дигар мушкили дастрас кардани ғизо барои чорво завқи бисёриҳоро аз ин соҳа нохушбин сохтааст.
Ононе, ки порчаи замин дар ихтиёри худ надоранд маҷбуранд аз деҳотҳои атроф алафро харидорӣ менамоянд. Ин дар ҳолест, ки дар ҳамин шабу рӯзҳо як банди алаф аз 8 то 11 сомонӣ буда, он ҳам рӯз то рӯз гаронтар мешавад. Ононе, ки имкони харидориву захира намудани хӯроки чорворо надоранд, ночор чорпоёни худро бо нархи ночиз ба савдо гузошта истодаанд.