Имсол дар Тоҷикистон 3 тонна тилло истеҳсол мекунанд
Афзоиши нархи тилло дар бозори ҷаҳонӣ таъсири худро ба корхонаҳои заргарии Тоҷикистон мерасонад.
Имрўз арзиши 1 унсия тилло, ки баробар ба 31,1 грам мебошад, дар биржаҳои ҷаҳонӣ аз 1900 доллари амрикоӣ ба 1743 доллар коҳиш ёфт. Аммо дар маҷмўъ имсол нархи тилло афзоиш ёфтааст. Зеро қимати феълии тилло дар муқоиса ба нишондодҳои аввали соли равон 550 доллари ИМА боло рафтааст, ки ба гуфти бархе аз соҳибназарон идома ёфтани чунин омил, корхонаҳои заргарии кишварро ба муфлисшавӣ оварда мерасонад.
Баҳром Қурбонов, як масуъли ҶДММ «Ақиқа» ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, афзоиши нархи тилло дар бозори ҷаҳонӣ дар ҳоле ба корхонаҳои заргарии ватанӣ таъсир мерасонад, ки шумораи муштариёни онҳо кам шавад. Номбурда илова намуд, ки дар пайи беқурбшавии пул, ҳоло мардум бештар ба харидории тилло таваҷҷўҳ медиҳанд. Дар Тоҷикистон 8 корхона ба истеҳсоли тилло машғуланд ва тибқи нақша имсол 3 тонна тилло истеҳсол менамоянд. Тибқи иттиллои расмӣ соли гузашта дар Тоҷикистон 2 тоннаву 48 килограм тилло истеҳсол шуда буд.