Граҳам Ҳовард бо сардори Ситоди вазорати мудофиаи Тоҷикистон вохӯрд
Таҳти роҳбарии ёвари сардори штаби Қувваҳои Мусаллаҳи Британияи Кабир, витсе-Маршали Қувваҳои ҳавоии ин кишвар Граҳам Ҳовард як ҳайат ба Тоҷикистон ташриф овард.
Тибқи иттилои сафорати Британия дар Душанбе Тревор Мур низ ба ин гурӯҳ шомил гашта, бо сардори Ситоди вазорати мудофиаи Тоҷикистон генерал Равил Нодиров ва муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидов вохӯрӣ намуд. Гуфта мешавад, ҳадафи ташрифи ҳайати мазкур ин таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба миёни Британия Кабир ва Тоҷикистон дар самти низомӣ ва сиёсӣ буд.
Аснои мулоқот масъалаи вогузор намудани масъулияти Британия дар Афғонистон ба дӯши қувваҳои амниятии кишвар, ҳамчунон фаъолияти қувваҳои мусаллаҳи Британия дар ин кишвар баъди соли 2015-ум, вақте ки шумораи ками қувваҳои низомӣ боқӣ мемонанд, то ки шарикони афғони хешро омӯзонанд ва раҳнамоӣ кунанд низ муҳокима гардид. Масъалаи вазъи минтақа ва зарурияти ҳамкории зичи Ҳукумати Британия Кабир ва Тоҷикистон баҳри кӯмак ба Афғонистон низ мавриди сӯҳбат қарор гирифт. Ҷонибҳо зарурияти муҳим будани раванди истиқрори сулҳи Афғонистонро барои Тоҷикистон ва саҳми қувваҳои иттилофи зидди террористиро дар ин раванд қайд намуданд.