«Кӯлоб-текстайлз» 2 ҳазор тонна калоба истеҳсол мекунад
Корхонаи муштараки Тоҷикистону Австралия «Кӯлоб-текстайлз» истеҳсоли маҳсулоти худро бо иқтидори пурра дар се баст ба роҳ мондааст.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз вазорати энергетика ва саноат иттилоъ доданд, ҷиҳати фаъолият дар се баст зиёда аз 100 нафар ҷалб гардидаанд. Барои истеҳсоли маҳсулот ашёи хоми маҳаллӣ, яъне нахи пахтаи истеҳсоли маҳаллӣ истифода мешавад. Корхонаи мазкур бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида шудааст. Ин имкон медиҳад, ки корхона ба таври мураттаб кор кунад. «Иқтидори солонаи корхонаи «Кӯлоб- текстайлз» истеҳсоли 2 ҳазор тонна калобаи хушсифат буда, маҳсулоти худро асосан ба беруни кишвар содир менамояд»,-афзуд манбаъ.