Кабирӣ дар Владивосток дар маросими ифтитоҳи масҷид ширкат варзид
Ҳайати ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон аз 21 то 23 август аз дуртарин минтақаи Русия- Приморе дидан намуд ва дар шаҳрҳои Владивосток, Уссурийск ва Артем бо муҳоҷирини тоҷик вохӯриҳо анҷом дод.
Тавре сомонаи nahzat.tj менависад, ҳайат дар маросими кушодани масҷиди нав , ки бо талош ва ташаббуси тоҷикони муқими ин шаҳр сохта шудааст, ширкат намуд. Раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва раиси шӯъбаи ҳизб дар вилояти Суғд Наимҷон Самиев дар маросим суханронӣ намуданд. Раиси ҲНИТ ин иқдоми ҳамватанонро ҳадяи тамоми тоҷикон ба мусалмонон ва саҳми миллат дар рушди фарҳанги исломӣ дар ин диёр номид. "Масҷиди биношуда на танҳо ҷойи ибодат, балки макони ваҳдат ва ҳамкории тамоми мусалмонони минтақа, ба хусус тоҷикон бояд бошад. Зеро, мо тоҷикон дар ғурбат дигар ҷойе муносибтар аз масҷид ҳамчун меҳвар барои ҳифзи фарҳанг ва ҳуввияти хеш надорем. Ин масҷид пеш аз ҳама макони ибодати Худованд аст, вале метавонад барои ҳамватанони мо ягона ҷое бошад, ки тавассути он тоҷикон атрофи ҳам ҷамъ бошанд, меҳварият дошта бошанд ва ба якдигар кумак бирасонанд». Рузи дигар , ҳайат ба шаҳри Уссурийск сафар намуд, ки дар наздикии марзи Чин қарор дорад ва наздики 500 тоҷик аз гушаҳои мухталифи кишварамон онҷо кор ва истиқомат менамоянд. Ҳайатро роҳбари созмони ҷамъиятии "Дустии халқҳои Осиёи Марказӣ", ҳамватани мо Мусоев Зокир то ин шаҳр ҳамроҳӣ намуд.
Маврид ба тазаккур аст, ки дар минтақаи Сибир ва Приморе умури аксари марказҳои динӣ ва масоҷид дар ихтиёри тоҷикон мебошад. Гуфтанист, масҷид дар тӯли таърих барои мусалмонон нақши созанда ва ваҳдатофарин доштааст ва дар оянда низ масоҷид меҳвари ваҳдату якпорчагии тоҷикон ва дигар мусалмонон хоҳанд буд.Хайати ҲНИТ шоми рузи 24-ум аз Владивосток ба шаҳри Санкт-Петербург сафар намуд.Қарор аст имрӯз соати 16 ба вақти Санкт- Петербург вохӯрии ҳайати ҲНИТ бо муҳоҷирон баргузор шавад.