Дар шимоли кишвар беш аз 3 кило ҳероин мусодира гардид
Аснои як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз сӯи кормандони милиса дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд маводи мухаддир забту мусодира гардид.
Тавре ба «Озодагон» аз ВКД хабар доданд, зимнан дар ҳудуди маҳаллаи 8-уми шаҳр, Абуталиб Мамадбекови 41- сола, ки сокини ноҳияи Мурғоб аст, мавриди тафтиш қарор гирифт.Ҳангоми кофтуковӣ шахсӣ аз ӯ 4-адад бастаи селофанӣ, ки дар дохилашон 3 килою 928 грамм маводи нашъадори «ҳероин» доштанд, дарёфт ва мусодира карда шуд. Айни замон нисбати Мамадбеков парвандаи ҷиноӣ боз гардида тафтишоти қазия идома дорад.