Шерхон Салимзода дар посух ба пурсиши журналистон оид ба татбиқи ин қонун дар қиболи бархе аз ашхоси мӯҳлати адонагардидаи ҷазояшон гуфт, мутобиқи моддаҳои 8,9 ва 13-и қонун «Дар бораи авф» мӯҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ нисбати маҳкумшудагон кам карда мешавад. Прокурори генералӣ афзуд, бо пешниҳоди муассисаҳои ислоҳӣ мӯҳлати адонагардидаи ҷазои маҳкумшудагон Ёрибек Иброҳимов, маъруф ба тахаллуси «Шайх Ёрибек», Исматулло Ҳабибуллоев бо лақаби «Исмати Аулӣ», Ёқуб Салимов, Садриддин Тошев, Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Ҷамшед Сияев ва чандеи дигар мутобиқи моддаи 13 ба мӯҳлати дусолӣ ва нисбат ба баъзеашон мутобиқи моддаи 8 аз ин зиёдтар кам карда шуд. Дар мавриди қазияи Низомхон Ҷӯраев, ки ҳудуди беш аз як сол боз дар яке аз боздоштгоҳҳои Маскав ба сар мебарад, додситони кулл гуфт, 27 август аз боздошти номбурда як сол пур шуд ва бо дархости прокуратураи генералии ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби додситонии шаҳри Москва мӯҳлати боздошти ӯ 18 моҳ, яъне то 27 феврали соли 2013 дароз карда шуд. Аз ин рӯ татбиқи қонуни авф дар нисбати Низомхон Ҷӯраев дар ҷараёни баррасии парвандаи ӯ муайян мешавад,- афзуд Шерхон Салимзодаи Одина.{jathumbnail off}