Раёсати тандурустии вилояти Суғд мегӯяд, феълан дар муассисаҳои табобатии қаламрави вилоят 1255 нафар корманди тиб намерасад. Олим Маллаев, мудири шӯъбаи кадрҳо дар идораи тандурустии вилоят ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, норасоии кормандони соҳа, умдатан дар муассисаҳои тиббии деҳот ба назар мерасад. Ба иттилои манбаъ, феълан ба сурати умум дар муассисаҳои табобатии қаламрави вилоят 500 нафар пизишк ва 755 нафар кормандони миёнаи соҳа намерасанд.
Маллаев афзуд, норасоии пизишкони рӯҳшинос аз мушкили аслии соҳа маҳсуб мешавад, ки сабаби ин вазъро ӯ аз набудани мутахассисони соҳа марбут медонад.
Аммо коршиносон мавҷудияти ришвату фасодро дар кори беҳдоштӣ аз иллати аслии тарки пеша кардани табибон медонанд. Ба ҷуз ин, сатҳи ночизи маош сабаб гашта, ки аксари духтурони ҳирфаӣ ба қасди хориҷ Тоҷикистонро тарк мекунанд.