Рақами телефонҳои кулли хадамоти таъҷилӣ дар Тоҷикистон ба ҳам омаданд. Дар ин бора оҷонсии CA-News дар такя ба иттиллои ҳукумати кишвар хабар медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, аз ин ба баъд барои даъват кардан ва ё занг задан ба дилхоҳ муассисаи хадамоти таъҷилӣ (оташнишонӣ, милиса, ёрии таъҷилӣ ва ғ.) кофист, ки ададҳои 111-ро дар телефонҳоятон рақамчинӣ кунед. «Ин тасмим рӯзи душанбеи 29-уми август дар ҷаласаи ҳукуматӣ аз сар гирифта шуда, қарори марбута ҳам ба имзо расидааст»,- менависад манбаъ. Гуфта мешавад, пайвастшавӣ ба ин рақам ройгон аст.
Татбиқи барномаи рушди муҳофизати шаҳрвандӣ ва ҷилавгирӣ аз ҳаводиси фавқулодда (изтирорӣ) дар Тоҷикистон аз соли 2009 оғоз гардидааст.Дар асоси нақшаи қаблан тарҳрезишуда, ин тарҳ дар соли 2014 ба итмом хоҳад расид. Масъулин мегӯянд, дар чорчӯби ин пружа хадамоти обу ҳавосанҷӣ, бехатарӣ дар умури кӯҳканӣ ва амсоли инҳо низ ба 111 пайваст мегардад.