Дар Душанбе намоиш-фурӯши асали арзон, аммо хушсифат сурат мегирад.
Дар ин бора Шафқат Саидов, сухангӯи мири пойтахт ба «Озодагон» иттиллоъ дод. Ҷаноби Саидов афзуд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, тибқи супориши ҳукумати ҷумҳурии Точикистон тасмим гирифтааст, ки бо ташаббуси шаҳрдорӣ ва вазорати кишоварзӣ рӯзҳои 2 ва 3-юми сентябр дар чор мавзеи шаҳри Душанбе : Боғҳои фароғатии «Дўстии Халқҳо», ба номи Садриддин Айнӣ, майдони 800-солагии Москва ва гулгашти Александр Мироненко ба ифтихори истиқбол аз 20-умин солгарди Истиқлолият чорабинии мазкурро роҳандозӣ кунад.
Гуфта мешавад, дар намоиш-фурӯш сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе метавонанд асал ва дигар маҳсулоти кишоварзиро бо нархҳои арзон харидорӣ намоянд.