Як корманди баландрутба аз гурӯҳи амниятии (муҳофизони) президенти Русия дар меҳмонхонаи мавсуф ба «Ҳаят-Реҷенсӣ»-и Душанбе аз олам даргузаштааст.
Тибқи иттиллои дафтари матбуотии ВКД, ин шахс Владимир Кузнетсови 38-сола, ки унвони ҳарбии подполковникиро дошт, ҳанӯз рӯзи 26- ум ба Душанбе омада, таъмини амнияти сафари Медевдев ба Тоҷикистонро баррасӣ мекард. Сарчашмаи хабар ҳамзамон афзуда, ки марги ҷаноби Кузнетсов ҳеч иртиботе ба сарусадоҳои ҳангомавӣ надошта, сабаби фавташ «бемории қалб» унвон шудааст. Номбурда аз истеъмоли ягон навъи ғизо ва машруботу нӯшокӣ заҳролуд ҳам нашудааст,- афзуд манбаъ.
Маврид ба ёдоварист, марги подполковники гурӯҳи таъминоти амнияти президенти Русия дар ҳолест, ки шоми имрӯз (1-уми сентябр) боздиди Дмитрий Медведев аз Тоҷикистон оғоз меёбад. Доираи коршиносонии сиёсии байнулмилал ва ҳам дохилии Тоҷикистон ба сафари райисҷумҳури Русия ва мулоқотҳои дарпешистодаи ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон мухталиф баҳогузорӣ карда мегӯянд, Бисёре аз коршиносон интизор доранд, ки дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ояндаи равобити байни ду кишвар пас аз ин дидору гуфтушунидҳо сароҳатан маълум хоҳад шуд.