Агентии Тоҷикстандарт бо ҷорӣ намудани стандарти байналмилалии ISO ба соҳибкорони ватанӣ имкон медиҳад, то маҳсулоташонро ба хориҷи дур содир намоянд.
Аз 4 то 8-уми сентябри соли равон дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Исфараи вилояти Суғд як ҳамоиши байналмилалӣ бо иштироки 14 давлати хориҷа баргузор хоҳад шуд. Мурод Ашӯров, як масъули агентии Тоҷикистандарт ба хабаргузории «Озодагон» дар ин маврид гуфт, мақсад аз баргузории ин нишаст сертифтикаткунонӣ ва ҷорӣ намудани стандарти байналмилалии ISO ҷиҳати дар сатҳи байналмилалӣ содир намудани меваи хушки Тоҷикистон ба хориҷи кишвар мебошад.
Дар ин семинари байналмилалӣ намояндагони давлатҳои Аврупо ва ИДМ ширкат хоҳанд кард. Ҷорӣ намудани стандарти байналмилалии ISO ба соҳибкорони ватанӣ имкон медиҳад, минбаъд маҳсулоти худро ба Аврупо ва дигар кишварҳои хориҷи дур содир намоянд, афзуд манбаъ.