Иттиҳодияи Аврупо зимни интишори як баёния эълом доштааст, ки бо манъи воридоти нефт аз Сурия таҳримот алайҳи ин кишварро тақвият медиҳад.
Бино ба иттилои расонаҳои хориҷӣ, ин таҳримот баъди иҷрои қарордодҳои мавҷуда то миёнаҳои моҳи ноябр мавриди иҷро қарор мегиранд. «Аз се як ҳиссаи даромади давлати Сурия аз ҳисоби фурӯши нефт аст ва харидори аслии нефти он ҳам кишварҳои Аврупо ҳастанд»,- менависад RBK.ru
Иттиҳодияи Аврупо дар вокуниш ба саркӯби бераҳмонаи тазоҳуротҳои зиддидавлатӣ ҳамчунин чор нафар аз раҳбарони расмии Сурияро ба феҳрасти онҳое ворид кард, ки убуру мурурашон ба Иттиҳодияи Аврупо мамнӯъ аст ва ҳисобҳояшон ҳам баста мешавад. Айни замон мудофеъони ҳуқуқ дар Сурия мегӯянд, дар амалиётҳои ахир сарбозони давлат 13 нафар аз тазоҳургарони зиддидавлатиро ба қатл расонидаанд.{jathumbnail off}