59 хонавода аз ноҳияи Восеъ, ки ҳанӯз моҳи майи соли 2010 аз касофати омадани сел зарар дида буданд, бӯрёкубон карданд.
Нуруллоҳ Мирзоев, муовини раиси ин ноҳия ба хабаргузории «Озодагон» гуфт: «Баҳори соли гузашта дар натиҷаи фаромадани сел дар дарёи Яхсу дар ҷамоати Пахтакор 18-манзили зисти одамон ба пуррагӣ хароб гашта, 59-манзили дигар қисман вайрон гашта буданд. Барои 18-оилаи бесарпаноҳ монда бо фармони президенти ҷумҳурӣ ва кӯмаки сохтмончиёни тамоми навоҳии кишвар, ба таври оҷилӣ хона бунёд карда, то фарорасии сармо ба манзил ва таҷҳизоти рӯзгор таъмин намудем. Барои боқӣ зарардидагон 40-хонаи дигар сохта, охири моҳи августи имсол тақсим карда, додем».
Манбаъ афзуд, азбаски зарардидагон ва ба қайдгирифтагон зиёд будаанд, ҳукумати маҳаллӣ бо мувофиқа бо ҳукумати ҷумҳурӣ дар як хона 2-оиларо ҷо намуданд. Ҷаноби Мирзоев мегӯяд, инҳо усулан оилаҳое будаанд, ки хешовандони наздиканд, ба монанди акаву додар ва падару писар, то дар оянда миёни эшон норозигӣ ба вуҷуд наояд.{jathumbnail off}