Субҳи имрӯз дар натиҷаи як садамаи нақлиётӣ Сабзалӣ Шарифов, раиси шӯъбаи навоҳии тобеи маркази ҲНИТ ба ҳалокат расид.Тибқи иттилои манбаъ, ки ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, дар нақлиёти ба садама дучор гашта ҳамроҳ ба марҳум вакили МН МО Сайидумар Ҳусайнӣ низ будааст. Дуввумӣ бо ҷароҳатҳои миёна ба касалхона интиқол ёфта, таҳти табобати табибон қарор дорад.
Гуфта мешавад, сониҳаи нақлиётӣ дар ҷодаи Ваҳдат- Файзобод ба вуқӯ пайвастааст. Тафсилоти бештар пас аз чанд лаҳза нашр мешавад.{jathumbnail off}