Сарвари кулли ширкати «ТАКОМ» -Сергей Миронов ин амалро қадами муҳим хонда аз ҷумла қайд намуд: « Бо кӯмак кардан ба кӯдакон ширкати мо ҷаҳду талош бар он дорад, ки кӯдакон битавонанд бо роҳатӣ ба ҷаҳони иҷтимоии имрӯза ворид шаванд. Аз ҳамин лиҳоз мо ба онҳо имкони дастрасӣ ба шабакаи ҷаҳонии интернет, ки яке аз маъхазҳои асосии дониш ва иттилоот аст, имкон фароҳам овардаем.
Маврид ба ёдоварист, ҶДММ «Таком» -оператори алоқа буда, муҷҷавизи пешниҳодкунандаи алоқаи мобилиро дар стандарти GSM 900/1800, UMTS дорад. Ин ҷамъият ба гурӯҳи ширкатҳои "ВымпелКом Лтд» шомил буда, дар Русия, Қазоқистон, Ӯзбакистон, Арманистон, Гурҷистон, Украина, Арманистон, Ветнам, Камбоҷа, Лаос, Алҷазоир, Бангладеш, Покистан, Бурундӣ, Зимбабве, Намибия ва ҷамоҳири Африқои Марказӣ намояндагии худро ифтитоҳ кардааст.{jathumbnail off}