Қотили духтарчаи шашсола барои 22 сол равонаи зиндон гардид
Додгоҳи вилоятӣ дар ҷумҳурии Қазоқистон таҷовузгар ва қотили духтарчаи шашсоларо 22 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуотии суди олии ин кишвар, мақомоти додгоҳии байнишаҳрии вилояти Қустанай парвандаи ҷиноии В.Вилгелмро баррасӣ карда, ба муттаҳам ин ҳукмро раво дидааст. Тавре муфаттишон муаяйн карданд, номбурда кӯдаки хурдсолро нахуст дар анборхонаи худ таҷовуз ва баъдан буғӣ кардааст. Гуфта мешавад, духтарчаи шашсола ба анҷомхона барои пайдо кардани гурбача рафта буд. {jathumbnail off}