Ҳайати агентии назорати маводи нашъаовар, таҳти роҳбарии директори агентӣ Рустам Назаров барои иштирок дар конфронси минтақавии "Квартети зиддимухаддираи Осиёи Марказӣ", ки рӯзҳои 5-6 сентябри соли 2011 дар Афғонистон доир мегардад, ба шаҳри Кобул рафт.
Тавре аз ин ниҳод ба «Озодагон» хабар доданд, ҳамойиш баъди мулоқоти душанбегии чоргонаи сарони кишварҳои Афғонистон, Покистон, Русия ва Тоҷикистон, ки 2-юми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе сурат пазируфта буд, баргузор мегардад, ки ин таҷассумгари муҳимияти инкишофи ҳамкориҳои минтақавӣ дар самти муборизаи зиддинашъамандӣ мебошад. Рӯзномаи "Квартети зиддимухаддираи Осиёи Марказӣ" дар асоси қарори нишасти шаҳри Душанбе тартиб ёфтааст. Дар ин мулоқот масъалаҳои назорат бар моддаҳои химиявӣ ва прекурсорҳо, ҳамкориҳои иттилоотӣ, ба нақшагирӣ ва татбиқи чорабиниҳои муштараки фаврӣ-ҷустуҷӯӣ нисбати сарварон ва ширкаткунандагони гурӯҳҳое, ки роҳҳои қочоқи мухаддираро аз Афғонистон ба воситаи ҳудуди кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Федератсияи Русия назорат мекунанд, мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Дар хотимаи конфронс қарор аст, ки изҳороти муштарак қабул ва нишасти матбуотӣ баргузор шавад.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи аввалини якҷояи "Квартети зиддимухаддираи Осиёи Марказӣ" 8-уми декабри соли 2010 дар шаҳри Москва баргузор шуда буд. Дар он роҳбарони идораҳои зиддимухаддираи Афғонистон, Покистон, Русия ва Тоҷикистон иштирок карда буданд.{jathumbnail off}