Жак Ширак, президенти собиқи Фаронса дар яке аз додгоҳҳои ин кишвар бо иттиҳоми сирқати молу амвол мавриди муҳокима қарор мегирад.
Тибқи иттилои хабаргузориҳои ғарбӣ, райисчумҳури собиқ замони дар симмати мири шаҳри Париж кор карданаш, даст ба ин кор задаст. Ҳамзамон, дар баробари эъломи ин ҷурм, пизишки шахсии ӯ гуфтааст, Жак Шираки 78-сола сахт мариз буда, ба табобату муолиҷаи бештар ниёз дорад ва дар додгоҳ ширкат карда наметавонад. Гуфта мешавад, вакили дифоъи ӯ омодааст, дар суд аз ҳуқуқҳои собиқ райисҷумҳур ҳимоя кунад.
Маврид ба тазаккур аст, ки Жак Ширак, аз соли 1977 то 1995 (тайи 18-сол) шаҳрдори Париж буд ва ба он гунаҳкор идониста мешавад, ки дар ин давра ба аъзои ҳизби худ, яъне Ҳизби Ҳаракат барои ҷумҳурият, ки дар ҳукумати шаҳр фаъолияти бевосита надоштаанд, маош пардохт кардааст. Агар ҷурми эъломшудаи Ширак дайн шавад, ӯро ҳабси зиндон ба муддати 10-сол ва пардохти ҷарима ба миқдори 150 ҳазор евро интизор аст.{jathumbnail off}