Масъулони идораи умури ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд аз коҳиши моҳӣ дар ин минтақа изҳори нигаронӣ мекунанд.
Бино ба қавли масъулини соҳа, истифодаи шасти барқӣ аз омилҳои аслии рӯ ба таназзул ниҳодани бахши моҳипарварӣ будааст. Зимнан, Обидҷон Каримов як корманди ин ниҳод ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, афроде дар солхои охир аз шеваҳои гуногуни сайди моҳӣ дар кӯлу дарё ва обанборҳои қаламрави вилоят истифода мекунанд, ки ин ҳол ба камшавии намудҳои гуногуни моҳиҳо ва нобудии онҳо сабаб шудааст. Каримов меафзояд, чунин усули моҳидорӣ бар коҳиши шумори моҳиҳо ва ҳам дигар мавҷудоти зиндаи обӣ, ки ғизои аслии моҳиҳо маҳсуб мешаванд, латма бар рушди ин соҳа мезанад.
Идораи умури муҳитзистӣ ё экология дар вилояти Суғд барои дасгир кардани афроде, ки дар баҳр ё рӯдхона ба ҳангоми моҳидорӣ аз шасти барқӣ машғуланд, барои расонидани хабар аз ин амал ба унвонии ин ниҳод,барои расонандагони ин хабар панҷ ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ эълон кардааст. Ин тасмим ба хотир ҷилавгирӣ аз зарар ба табиат ва нобудшавии моҳиён гирифта шудааст. Шасти барқи қуттие, ки бо барқ пайваст аст ва ба ҳангоми ворид кардани он ба маҳалли зисти моҳиҳо аз шиддати баланди он теъдоди зиёди моҳиҳо барқзада шуда ниҳоят мефавтанд, ки ин усул барои моҳидорон нафъи калон меорад, аммо аксари мавҷудоти зериобиро ба нобудӣ мебарад.{jathumbnail off}