Имрӯз ба ифтихори ҷашни 20-солагии истиқлолият дар ноҳияи Балҷувон як иншооти иҷтимоӣ -муассисаи давлатии «Маркази байналмилалии тавонбахшӣ» мавриди истифода қарор гирифт.
Тавре ба «Озодагон» аз шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятии агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати вазорати меҳнат хабар доданд, маркази мазкур дар асоси банди 12-и “Барномаи маҷмӯии рушди ноҳияи Балҷувон” ба сифати минтақаи туризми байналмилалӣ дар давраи солҳои 2002-2012 таъсис ёфтааст. Сохтмони иншооти ин марказ соли 2007 шурӯъ шуда, тибқи харҷнома 12 миллион 766 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид, ки то имрӯз 3 миллиону 200 ҳазор сомонӣ аз худ карда шуда, тибқи нақша марказ дар муддати 2 сол пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Мавриди зикр аст, ки «Маркази байналмилалии тавонбахшӣ» барои 150 ҷой пешбинӣ гардида, айни ҳол як қисми иншоот (20 ҷой) барои ба истифода додан омода гардидааст. Зарурияти таъсиси маркази мазкур аз афзоиши теъдоди ниёзмандон ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар вилояти Хатлон, ки ба оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва аз минаҳо зарардида вобаста аст, бармеояд. Сохтмони муассисаи давлатии «Маркази байналмилалии тавонбахшӣ» дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон собит месозад, ки гурӯҳи осебдидаи ҷамъият ҳамеша зери таваҷҷӯҳ ва ғамхории махсус қарор доранд,- афзуд манбаъ.{jathumbnail off}