Бозии гурӯҳи “С” миёни тимҳои миллии Тоҷикистону Куриёи Шимолӣ дирӯз дар варзишгоҳи “Янггакдо”-и пойтахти ин давлат бо ҳузури 30 ҳазор тамошобин доир гашт.
Тибқи иттилои федератсияи футболи Тоҷикистон дастаи яккачини футболи мамлакат пас аз бохти худ дар майдони «Металлург»-и шаҳри Турсунзода бо тими миллии Ӯзбакистон, дар даври дуввуми сабқати гурӯҳии Ҷоми Ҷаҳон-2014 дар минтақаи Осиё низ бо Куриёи Шимолӣ бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд. Дар дақиқаи 14-уми нимаи аввали бозӣ Пак Нам Чол голро ба самар расонд.
Ба иттилои манбаъ бозии ҷавобӣ миёни ин ду тим 29-уми феврали соли 2012 дар Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд. 11-уми октябри соли ҷорӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар сафар бо тими миллии Ҷопон қувваозмоӣ мекунад, бозии ҷавобӣ миёни мунтахаби Ҷопону Тоҷикистон бошад, 11 ноябр дар варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мегардад. 15-уми ноябр Тоҷикистон дар сафар бо тими Ӯзбакистон бозии ҷавобӣ анҷом медиҳад. {jathumbnail off}