«Шабе дур аз Ватан»-и Бозор Собир ва як вазири Афғонистон
Вазири фарҳанг ва иттилоотии Ҷумҳуриии Исломии Афғонистон Саидмахсум Раҳим, ки феълан бо даъвати ҳамтои тоҷикаш дар Тоҷикистон қарор дорад, аз пажӯҳишгоҳи «Шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ» дидан намуд.
Тибқи иттилои вазорати фарҳанг, номбурда шоми имрӯз ба театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ташриф оварда, намоишномаи «Шабе дур аз Ватан»-ро, ки аз рӯи ашъори Бозор Собир таҳия шудааст, тамошо хоҳад кард. Ба ҷузъ ин иштироки Саидмахсум Раҳим дар симпозиуми байналмилалии «Шашмақом» дар назар буда, дар поёни сафараш созишномаи ҳамкорӣ миёни ду вазорати марбутаро ба имзо мерасонад.