Тими наврасони то 16-сола ҳам бо Ӯзбакистон вориди рақобат мешаванд
Марҳилаи навбатии омодагии дастаи мунтахаби наврасони то сини 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар базаи махсуси федератсияи футболи Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Норак ба анҷом расид.
Алӣ Шариф, сардори дафтари матбуоти ФФТ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, аз 23 футболбози бомаҳорати клубҳои мухталифи ҷумҳурӣ беҳтаринҳо даъват гардида, ҷаноби Чзуки мураббии варзидаи футболи Ҷопон ба онҳо дар ду баст тамрин медиҳад. Гуфта мешавад, дар бозиҳои гурӯҳии чемпионати Осиё, ки аввали моҳи октябри соли равон дар Ӯзбакистон баргузор мегардад, мунтахаби наврасони мамлакат бо дастаҳои миллии наврасони Баҳрайн, Ӯзбакистон, Қирғизистон ва Ҳиндустон рақобат мекунанд. Дар назар аст, ки марҳилаи охирини омодагии мунтахаби наврасони мамлакат 18-уми сентябри соли ҷорӣ боз дар шаҳри Норак ҷараён бигирад. Чзуки, ки феълан сармураббии тими наврасони Тоҷикистон аст, беҳтаринҳоро интихоб намуда, баъд аз анҷоми ин марҳила наврасони тоҷик ба шаҳри Тошканди Ӯзбакистон барои иштирок дар бозиҳои гурӯҳии чемпионати Осиё мераванд.{jathumbnail off}