Ба иттилои манбаъ, дар лоиҳаи қонуни нав, ба сиёсати давлати Тоҷикистон дар бахши савдо таҷдиди назар шудааст. Бино ба қавли сарчашма, дар сурате агар президент ва парлумон лоиҳаи мазкурро дастгирӣ кунанд, ниҳодҳои давлатӣ имкон пайдо мекунанд, ки бо истифода аз фишангҳои иқтисодӣ ва маъмурӣ нархро дар бозорҳо танзим намоянд.
Масъулини вазорати рушди иқтисод ва савдо бовар доранд, ки дар ҳолати қабули қонуни мазкур, пеши роҳи савдогароне, ки ба таври сунъӣ ва беасос нархҳоро боло мебаранд, гирифта хоҳад шуд.
Дар мавриди роҳҳои амалишавии талаботи қонуни нав, сарчашмаи хабар таъкид кард, ки дар сурати қабули он, санадҳои меъёрии дигар қабул мешаванд, ки усулҳои татбиқи қонунро мушаххас нишон медиҳанд.{jathumbnail off}