Зимнан, дар ин конфронс, ки бо ибтикори Иттиҳоди журналистии «Медиа Алянс»-и Тоҷикистон ва дигар ташкилотҳои рӯзноманигорӣ амсоли ИЖТ, АМВАОМТ, Шӯрои ВАО, Хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистон ва бо кӯмаки молии дафтари душанбегии САҲА баргузор шуд, намояндагони аксари расонаҳои хабарии кишвар ширкат доштанд.Тибқи гуфтаҳои масъулини ин тарҳ, ҳадафи асосӣ аз баргузории нишаст боз ҳам устувор намудани ҳамраъйии журналистон мебошад.
Маврид ба тазаккур аст, ки дар рӯзи байналмилалии ҳамраъйии журналистон бархе аз хабарнигорон ва созмонҳои журналистӣ ҷоизаи Медиа-Алянси Тоҷикистон ва Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА)-ро соҳиб гардиданд. Аз ҷумла, ин ҷоиза ба радиоҳои Озодӣ ва Имрӯз, Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори бахши ӯзбакии радиои Би-би-сӣ ва Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори зиндонии "Нури зиндагӣ» эъто гардид.{jathumbnail off}