Нерӯгоҳи барқи атомии «Бушер»-и Эрон рӯзи 12 сентябри соли равон ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард. Дар ин бора Вазорати умури хориҷии Русия хабар додааст.
Александр Лукашевич, масъули Вазорати корҳои берунаи Русия имрӯз зимни як брифинги хабарӣ ҷавобан ба суоли хабарнигорон ин маълумотро таъйид кард ва гуфт, он чӣ марбути шурӯъи нерӯгоҳи барқи атомии «Бушер» аст, изҳор медорам, маросими ифтитоҳи ин корхона, ки тавассути ҳамкориҳои миёни Русияву Эрон арзи ҳастӣ кард, тасмим аст 12 сентябри соли равон дар шаҳри Бушери Эрон доир гардад.
Ёдрас менамоем, сохтмони нерӯгохи барқӣ- атомии "Бушер" соли 1975 шурӯъ шуда, баъди чанд соли таъхир эъмори он соли 1995 аз нав гирифта шуд. Сохтмони он аз сӯи мутахассисони рус анҷом дода шудааст. Дар маросими ифтитоҳи ин нерӯгоҳ ширкати сарвари идораи "Росатом" Сергей Кириенко ва вазири энерҷии Русия Сергей Шматко дар назар дошта шудааст.{jathumbnail off}