Духтури сироятшиноси маркази саломатии шаҳри Чкаловск аснои гирифтани пора дастгир шудааст.
Тавре ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» аз РКД вилояти Суғд иттилоъ доданд, аз тарафи прокуратураи шаҳри Хуҷанд парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 32, қисми 3 ( тайёрӣ ба ҷиноят, суиқасди ҷиноят) ва 319 қисми 4 ( гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор шахсан ё ба воситаи миёнрав)-и КҶ ҶТ нисбати духтури сироятштноси маркази саломатии шаҳри Чкаловск Г.А. огоз карда шудааст. Вай қаблан солҳои 2001 ва 2005 бо моддаҳои 247 қисми 3 ва 247 қисми 1 (қаллобӣ)-и суд шуда буд.
Манбаъ афзуд, духтур 8 сентябри соли ҷорӣ аз шаҳрванд А.Г, сокини 24-солаи шаҳри Истаравшан барои эътироф намудани маҷрӯҳи гурӯҳи 2 буданаш, маблағи пулӣ ба миқдори 700 доллари ИМА-ро талаб намуда, ҳангоми гирифтани пора дар утоқи кориаш аз тарафи кормандони прокуратураи вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд дастгир карда шудааст.{jathumbnail off}