Рашид Гулов, муовини сармуҳандиси ширкати «Барқи Тоҷик», мегўяд, тарифи фурўши барқ дар Тоҷикистон дар доираи созишнома бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ мунтазам афзоиш ёфта истодааст.
Ин нуқтаро ҷаноби Гулов, зимни форуми дуюми байналмилалӣ оид ба самаранокии энергетикӣ, ки айни ҳол дар Душанбе ҷараён дорад, изҳор дошт. Вай дар ҷавоб ба интиқоди масъулини Созмонҳои байналмилалӣ оиди паст будани нархи барқ, ки ба гуфтаи онҳо монеаи сармоягузорӣ ба бахши энергетикаи Тоҷикистон шуда истодааст, мисол овард: «Нархи фурўши як киловатт барқ дар Тоҷикистон соли 2006, барои аҳолӣ 0,42 сентро ташкил медод ва ин нишондод дар соли 2010 –ум ба 2,04 сент баробар гардид.
Айни ҳол нархи миёнаи фурўши барқ дар Тоҷикистон 1,8 сентро ташкил медиҳад. Аммо Рашид Гулов таъкид кард, ки тибқи созишнома, миёни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ то соли 2013 нархи миёнаи як киловатт барқ бояд, ҳадди ақал ба 3 сент барои як киловатт баробар шавад.
Аммо Атабек Умирбеков, масъули Маркази экологии минтақавии Осиёи Миёна, бо ишора ба қашшоқии мардум дар кишварҳои минтақа, таъкид кард, ки боло бурдани нархи барқ метавонад вазъи иҷтимоиро шиддат бахшад. Умирбеков, Қирғизистонро мисол меорад, ки соли 2009 –ум гаронкунии барқ дар ин кишвар ба инқилоби ранга анҷомидаст.{jathumbnail off}