Гуфтанист, ҷаноби Барра ҳамзамон муассис ва узви Шӯрои Бунёди итолиёвии Вилла Мараинӣ буда, тақрибан 40 соли умри худро ба соҳаи беҳдоштӣ, асосан ёрӣ ба мӯътодони маводи мухаддир бахшидааст. Масимо Барра 9-уми сентябр бо боздиде дар Тоҷикистон қарор дошта, аз машваратхонаҳои мӯътодон дар Кӯлобу Дарвоз ва Хоруғу Шуғнон, ҳамчунин, аз беморхонаи гирифторони ин маризӣ дар вилояти Бадахшон дидан кард. «Ӯ бо мақомоти ҳукуматӣ ва беҳдоштии Тоҷикистон дар марказ ва дар маҳалҳо мулоқот намуд ва ҳамакнун, дар анҷоми сафари худ расонаҳои хабариро бо таассуроти худ шинос хоҳад кард»,-афзуд манбаъ.{jathumbnail off}