Ёдовар мешавем, ширкат ва суханронии соли гузаштаи Маҳмуди Аҳмадинажод дар ин маъқар боиси хархашаҳо гашта буд. Раисҷумҳури Эрон гуфт, ки дар инифиҷори 11 сентябри соли 2001 маъмурияти Кохи Сафед даст доштанд, то бо ин васила ба кишварҳои мусалмонӣ, аз ҷумла Ироқу Афғонистон ҳамла кунанд. Он замон ҳайати намояндагони ИМА бо нишони эътироз ҷаласаи СММ-ро тарк карданд. Интизор меравад, мавзӯи меҳварии ҳамоиши СММ истиқлолият ва ба расмият шинохтани давлати Фаластин бошад. Аллакай аксари кишварҳои дунё ҷонибдории худро аз ин мавзӯъ изҳор доштаанд. Русия низ ҳамчун ҷонибдори эътирофи мустақилияти Фаластин баромад хоҳад кард.
Ҳамзамон ИМА аз кишварҳои дунё дархостааст, то аз тасмими СММ дар мавриди шинохти расмии Фаластин истиқбол накунанд.
Ёдовар мешавем, мардуми Фаластин бо ирсоли як нома аз Шӯрои амнияти СММ тақозо кардаанд, то истиқлолияти онҳоро ба расмият бишиносад ва аз он ҳамчун як давлати алоҳида ҳимоят намояд.{jathumbnail off}