Бино ба иттилоъ, бинои мазкур аз 2 ошёна, таҳхона ва меҳмонхона иборат буда, бо тамоми шароитҳои замонавӣ ҷиҳозонида ва ба талаботи стандарти байналмилалӣ чавобгӯ мебошад. Дар ошёнаи якуми бино як толори барҳавои маҷлисгоҳ бо 40 ҷои нишаст ва ду утоқи васеи бо мизу курсиҳои хуштарҳ ва технологияи аълосифат муҷҷаҳазгардида ҷойгир шудааст, ки яке шӯъбаи хизматрасонию андозситонӣ ва дигаре бахши бақайдгирӣ мебошад. Дар ошёнаи дуюм утоқҳои кории сардори нозирот, инчунин бахши баҳисобгирии андозҳо ва технологияи иттилоотӣ бунёд ёфтааст, ки дар ин ҷо дигар кормандони соҳа фаъолияти хешро ба роҳ хоҳанд монд.
Дар маҷмӯъ то ба истифода супоридани бинои нави маъмурии нозироти андози ноҳияи Шӯрообод маблағи 1 миллиону 348 ҳазор сомонӣ сарф шудааст.{jathumbnail off}