Барқия ва номаҳои шодбошӣ унвонии Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон пайваста аз ҳар гӯшаву канори дунё ворид мешаванд.
Шафқат Саидов, ёвари раиси палатаи болоии парлумони мамлакат оид ба робита ба ВАО ва созмонҳои ғайридавлатӣ ба «Озодагон» гуфт, аз ҷумла ба муносибати 20-солагии Истиқлолият аз номи раиси Кумитаи доимии Маҷлиси Умумихитойии Намояндагони Халқи ҷумҳурии Мардумии Хитой ҷаноби У Банго барқияи шодбошӣ расидааст. Ӯ зимни табрикоти хеш афзудааст, ки тўли 20 соли барқарории робитаҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Хитой ҳамчун кишварҳои дўсту ҳамсоя муносибатҳои дуҷониба дар сатҳи густурда тарҳрезӣ ва дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод, нақлиёт, электроэнергия ва дигар бахшҳои ҳамкории фарогири масоили байналхалқию минтақавӣ нек амалӣ мешаванд, ки боиси таъкид мебошад.
Манбаъ афзуд, Торшин Александр Порфиревич. – муовини аввали раиси Шўрои Федералии Русия , Литвин Владимир Михайлович - раиси Радаи Олии Украина, Рубинов Анатолий Николаевич –Раиси Шўрои ҷумҳуриявии Маҷлиси миллии Беларус ва Кротов Михаил Иосифович - Котиби Генералии Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар барқияҳои шодбошии худ аз ҷумла, афзудаанд, ки дастовардҳои истиқлолии Тоҷикистон шоёни таҳсин буда, саҳми Маҷлиси миллии Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин дастовард ва рушду таҳкими робитаҳои байнидавлатию байнипарламентӣ хело арзишманд мебошад.{jathumbnail off}