Дар Исфара тасмим доранд ба истеҳсоли пойафзол шурӯъ кунанд
ҶДММ «Бисеҷ»-и шаҳри Исфара 2 ҳазор дона маҳсулоти нимтайёрашро, ки аз пойафзолҳои бачагона иборат аст, бо дастгирии вазорати энергетика ва саноати кишвар, барои гузаронидани ташхис ба Русия интиқол додааст.
Ин корхона соли 2011-ум ҳамкориҳояшро бо ширкати русиягии «Магнитогорская обувная фабрика» ба роҳ монда, ба истеҳсоли пойафзол машғул мебошад. Баъд аз гузаронидани ташхис дар Русия, ин корхонаи ватанӣ ният дорад силсилаи пурраи истеҳсоли пойафзолҳои бачагонаро роҳандозӣ намояд. Дар корхонаи мазкур 30 ҷойи нави корӣ ташкил ёфта, метавонад ҳамасола беш аз 100 ҳазор ҷуфт пойафзоли бачагона истеҳсол намояд. Дар ин бора аз маркази матбуотии вазорати энергетика ва саноат, ба хабаргузории «Озодагон» иттиллоъ доданд. {jathumbnail off}