Дар шаҳри Ринои штати Невадаи Амрико тайёраи варзишии «Мустанг» бар болои минбар афтид.
Бар асари ин садама 75 нафар чароҳатҳои вазнин бардоштанд. Ҳодиса дар вақти баргузории мусобиқоти миллӣ аз рўи ҳавонавардии варзишӣ рух додааст. Сарнишини тайёраи P-51 «Mustang», ки дар замони ҷанги дуюми ҷаҳон ба ҳайси тайёраи ҳарбии тирандоз истифода мешуд, аз ўхдаи идораи он набаромада, ба сари мардуми тамошогари ин барнома суқут карда, бар болои минбари доварону меҳмонон афтид.
Феълан маълумот дар хусуси фавтидагон нарасидааст, аммо намояндаи хадамоти «Ёрии таъчилӣ» Стефанӣ Куруз вазъи 25 нафарро бениҳоят вазнин ва 25 нафари дигарро вазнин арзёбӣ кардааст.{jathumbnail off}