Аммо то ҳанӯз дар мавриди замони баргузории интихоботи президентӣ ҳеч санаде ва ё қарори марбута ба имзо нарасидааст, аммо расонаҳо ба такя ба як манбаъ дар ҳукумати Миср менависанд, ин тасмим то моҳи апрели соли равон амалӣ хоҳад гашт.
Ёдрас менамоем, моҳи марти соли равон мухолифини ҳукумати Ҳуснӣ Муборак қиём карда, ба майдонҳои Қоҳира рехтанд. Роҳпайпоӣ ва гирдиҳамоии онҳо бойис гашт, ки райисҷумҳур аз мақомаш истеъфо диҳад. Феълан, президенти собиқ, ки 31-сол зимоми давлатро дар Миср ба дӯш дошт, якҷо бо ду писараш ва чанд мақоми аршади ҳукумати собиқ дар назди додгоҳ ба аъмоли содиркардаашон ҷавоб медиҳанд. Онҳо ба фасод ва судури фармони қатли мухолифон дар ҷараёни инқилоби ҳаждаҳрӯзаи Миср дар зимистони пеш муттаҳам ҳастанд.