Кишоварзони ноҳияи Темурмалик соли равон дар майдони 10912 гектар ғалла корида, аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 21,5-сентнерӣ ҳосил ба даст оварданд.
Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» Неъматулло Темуров, муовини аввали раиси ноҳия хабар дод. Бино ба иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ 827 гектар замини обӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз он дар соли 2011 танҳо 457 гектар кишт шудаасту бас. Гуфта мешавад, тибқи нақшаи ҳукумати вилояти Хатлон дар ноҳияи Темурмалик дар имсол бояд ҳамин миқдор замини обӣ коркард мешуду гузашта аз ин, ҳамин миқдор замин кишти такрорӣ ба анҷом мерасид.
Номбурда афзуд, 370 гектар замини обии дигар ҳанӯз 20-сол муқаддам, бо сабаби «пӯсидаву бекор гаштани қубурҳои обгузар ва вайрону фалаҷ гаштани пойгоҳҳо ва насосҳои обкаш» дигар ба замини лалмӣ мубаддал гаштаанду ҳукумати маҳаллӣ қудрати барқароркунии онро надорад.